Зимни як чорабинии махсуси кормандони мақомоти милисаи пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 46-солаи шаҳри Душанбе Зафар Шарифов боздошт шуд.
Бино ба маълумоти торнамои расмии ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии таҳхонаи манзили зисти боздоштшуда беш аз 10 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда қаблан мутобиқи моддаҳои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят) ва 104 (Одамкушӣ)-и КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида, маҳкум шудааст.



