Дархости соҳибкор Зайд Саидов, ки санаи 6-уми август ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен) Зариф Ализода фиристода шуда буд, то имрӯз ба ӯ нарасидааст.
Котиби матбуотии Омбудсмени Тоҷикистон Азиз Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки чун дархост ворид гардад, он мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯйи он қарори дахлдор қабул хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки вакили дифои соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дода буд, ки 6-уми август Саидов тавассути маъмурияти боздоштгоҳ ба Ализода
дархост оид ба вохӯрӣ
ирсол кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, З. Саидов аз ваколатдор хоҳиш дорад, ки дар вохӯрии бемаҳдудияташ бо вакилони мудофеъ бидуни иштироки нафаре мусоидат кунад.



