Таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҷавонон дар Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:


Ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҷавонон имрӯз дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои маърифатӣ баргузор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ба ин муносибат имрӯз дар маркази фарҳангии «Ориёно» таҳти унвони «Ҷавонон ва ҷаҳони имрӯза» семинар доир гардид, ки дар он донишҷӯёни ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо иштирок карданд.

Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Баробар ба баробар» (Равный равному) Парвина Нуриддинова, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҷавонон рӯзи 17-уми август дар Душанбе таҳти унвони «Ихтиёрӣ шудан ҳамчун як зинае ба касбомӯзӣ» ярмарка созмон дода мешавад.

«То имрӯз иштироки худ дар ярмаркаро беш аз 20 ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои ташаббускор тасдиқ намуданд, ки ба қабули намояндагони ҷавонон ба сифати ихтиёрӣ омодаанд. Иштироки сохторҳои бузурги тиҷоратии Тоҷикистон низ дар назар аст. Дар ҷараёни чорабинӣ оид ба ҳунари наттоқӣ ва масъалаҳои гуногун машғулияту муколамаҳо доир гардида, кормандони созмонҳои гуногун аз таҷрибаи ихтиёрӣ будан ва кӯмаки он ба зинаи дигари касб расидан табодули назар мекунанд», – ҳикоят кард Нуриддинова.

Дар ҳамин ҳол, мудири кулли Ташкилоти СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова дар паёми имрӯзааш ба муносибати ин ҷашн зикр кард, ки ҷавонон ҳудуди сеяки шумори муҳоҷирони байнулмилалиро ташкил медиҳанд. Бокова ҳамчунин изҳор доштааст, ки муҳоҷират имкони бағоят хуби наздикшаваи халқҳо, муколамаи байнифарҳангӣ ва рушдро фароҳам оварда, ҳамчунин дар масоили дур шудан аз ҷамъият, камбизоатӣ, истисмор ва поймолкунии ҳуқуқҳо мушкилоти назаррас пеш меоварад.

Тибқи иттилои ахири Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 571 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 490 ҳазор нафарашонро мардон ва 81 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд. Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 472 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намуда, 480 ҳазор нафари шаҳрвандони сафар ба хориҷи кишварро ихтиёркарда (429,9 ҳазор нафар мардон ва 50,7 ҳазор нафар занон) баҳри дарёфти кори шоистатаре қаламрави кишварро тарк намудаанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...