Беш аз 15%-и нафақахӯрони пойтахти Тоҷикистон аллакай ба низоми миллии пардохти «Корти миллӣ» гузаштаанд.
Бино ба иттилои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», ҷараёни гузаштан ба низоми нав дар ҷаласаи ситоди муштараки воҳидҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва «Амонатбонк» баррасӣ шуд.
Дар ҷаласаи ситод зикр гардид, ки механизми иваз намудани кортҳои қаблӣ ба кортҳои нави миллӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз 1 августи соли равон шурӯъ гардида, низоми мазкур давра ба давра то 25 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад гашт.
Дар «Амонатбонк» таъкид месозанд, ки гузариш ба низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» бартариятҳои зеринро дорост: интишор ва фардикунонии кортҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ; истифодабарии васеи шабакаи терминалӣ дар миқёси ҷумҳурӣ; ривоҷи пардохтҳои ғаринақдӣ бо истифода аз кортҳои миллӣ дар ҳама сатҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ ба муқаррароти меъёрии дохилиҷумҳуриявӣ ва хусусиятҳои талаботи бозори дохилӣ.
Гуфта мешавад, маълумот оиди мизоҷон ва гардиши маблағҳои пулии аҳолӣ дар дохили мамлакат коркард ва нигоҳ дошта шуда, хафвҳои амалиётии беруна истисно карда мешаванд. Ивази корт ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, бақияи суратҳисобҳо бемонеъа ба кортҳои нав интиқол дода мешаванд.
Бино ба иттилои БДА «Амонатбонк», дар 16 шаҳру навоҳии мамлакат пардохти нафақа таавссути корт ба роҳ монда шудааст.
То ахири сол боз дар 11 шаҳру навоҳии кишвар пардохти нафақа тавассути корт роҳандозӣ гардида, дар ин давра ҳудуди 300 ҳазор нафақахӯрон бо кортҳо таъмин карда мешаванд. Имрӯз ҳудуди 255 ҳазор нафақахӯрон бо кортҳои бонкӣ таъминанд.
Дар саросари кишвар айни замон 61 адад банкомат ва 208 адад POS-терминалҳои «Амонатбонк» амал мекунанд.
Шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон 623 ҳазор нафарро ташкил дода, ба ин саф ҳам нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам дигар нафақахӯрон шомиланд.
Барои пардохти нафақаи якмоҳа дар Тоҷикистон 123 млн. сомонӣ маблағ хароҷот мешавад, ки 10 млн. сомонии он ба нафақахӯрони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ пардохта мешавад. Феълан ҳаҷми ҳадди ақали нафақа дар кишвар ба 150 сомонӣ баробар аст.



