Нимсолаи аввали соли равон дороиҳои умумии низоми бонкии Тоҷикистон 11 870,9 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ахири соли гузашта 1 341,3 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 12,7% (1 $ = 4,76 сомонӣ) афзуданд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар робита ба нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ сохтори дороӣ ва уҳдадориҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тағйир ёфтанд. Аз ҷумла, вазни қиёсии қарзҳо (нетто) ва сармоя дар сохтори дороиҳо мутаносибан 49,6 ва 1,5% ва депозитҳо дар сохтори уҳдадориҳо 55,2%-ро ташкил доданд.
Дар ҳамин ҳол, бақияи умумии сандуқи қарзии низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ 5 964,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1 039 млн. сомонӣ ё худ 21,1% зиёд шуд.
Ёдрас мекунем, ки коршиносони Агентии рейтинги «РИА Рейтинг» таҳқиқоти навбатии ҳамасолаи бахшҳои бонкии кишварҳои узви ИДМ-ро доир намуданд, ки тибқи он
рейтини 100 бонки бузургтарини ИДМ
ба санаи 1-уми январи соли 2013 таҳия гардид.



