Боздошти декани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо пора

Декани яке аз бузургтарин муассисаи таълимоти олии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳангоми гирифтани пора боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, аз ҷониби кормандони ин шуъба ва мақомоти прокуратураи вилоят котиби масъули комиссияи қабули […]

Мавлуда Рафиева


Декани яке аз бузургтарин муассисаи таълимоти олии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳангоми гирифтани пора боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, аз ҷониби кормандони ин шуъба ва мақомоти прокуратураи вилоят котиби масъули комиссияи қабули ДДХ, декани яке аз факултаҳои ин донишгоҳ О.М. бо далели шайъӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА дастгир шудааст. Тафтишот бар ин назар аст, ки ӯ ин маблағро аз шаҳрванд О.Б. барои муосидат ба қабул шудан ба донишгоҳ тамаъ кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Парванда дар баррасии прокуратураи вилояти Суғд қарор дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 22 ҳодисаҳои гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (ҳамин давраи соли гузашта – 23 ҳодиса) ба қайд гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.