Хуҷанд: Боздошти як ноболиғ ҳангоми фурӯши тифлаш ба 2 ҳазор сомонӣ


Сокини вилояти Суғд ният дошт, ки тифли худро ба 2 ҳазор сомонӣ бифурӯшад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар қаламрави шаҳри Хуҷанд ҳангоми фурӯши тифли худ як духтари ноболиғ аз ноҳияи Панҷакент М.Х. боздошт шудааст. «Харидор»-и тифли 1,5-моҳа сокини шаҳри Хуҷанд Д.Р. будааст», – гуфтанд дар шуъбаи мазкур.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати модари ноболиғ мутобиқ моддаи 167, қ. 1-и КҶ ҶТ (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд мавриди тафтиш қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное