Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ ҳудуди 3 млрд. $ дар 7 моҳ


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4 % ё худ 96,4 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 95 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 85 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол 692,1 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли гузашта 10,7%  ё худ 82,9 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 2 млрд. 250 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 9,5% ё худ 195,6 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 532 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – каме бештар аз 381 млн. $, Туркия – беш аз 351 млн. $ ва Чин – беш аз 345 млн. $-ро ташкил дод.

spot_imgspot_img

Популярное