Дар қабулгоҳҳои махсуси Маскав 48 нафар тоҷикон боқӣ монданд


Тайи чанд рӯзи ахир шумори шаҳрвандони тоҷик дар қабулгоҳҳои махсуси пулиси шаҳри Маскав аз 106 то ба 48 нафар коҳиш ёфт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, аз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанде қабл аз лагери мувақкатии Голяново ба қабулгоҳҳо оварда шуда буданд, ду нафарашон аллакай ба ватан фиристода шуданд.

«Ба наздикӣ ҳуҷчатҳои боқимондаашон низ омода гардида, ба Тоҷикистон раҳсипор мегарданд», – иброз дошт номбурда.

Эгамзод таъкид дошт, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ба кӯмак расонидан ба шаҳрвандони кишвар идома дода, «дирӯз корманди масъули Хадамоти консулгарии сафорат ба муҳоҷирони дар қабулгоҳҳо қарордошта маводи ғизойӣ, лавозимоти гигиенаи шахсӣ ва кӯрпаву кампал бурд».

Намояндаи расмии сафорат хотиррасон намуд, ки дар лагери муваққатии Маскав барои муҳоҷирон дигар шаҳрвандони тоҷик боқӣ намондаанд. «Ҳамаи онҳоро мо ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав гузаронидем ва пас аз омодасозии ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби буҷети федералии Русия онҳо ба ватан фиристода мешаванд», – иброз дошт вай.

Ӯ ҳамчунин изҳор кард, ки дар лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони Голяново то ҳанӯз ҳудуди 300 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун боқӣ мондаанд.

spot_imgspot_img

Популярное