Наздики 30% -и муҳоҷирони тоҷик ба ватан бемор бармегарданд

spot_imgspot_img

Дата:


Муовини аввали раиси Хадамоти мухоҷирати назди ҳукумати ҶТ Анвар Бобоев зимни вохӯрӣ бо котиби дуввуми Сафорати ИМА дар ҶТ оид ба масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ Ҳизер Ҷонстон иброз дошт, ки наздики 30


%




муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ватан бо касалиҳои гуногун бармегарданд.

«Ин омил моро водор месозад, ҷиддан бобати ташкили марказҳои реинтегратсионӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ андеша кунем»,-гуфт Бобоев.

Ба қавли вай, аллакай байни Хадамоти мухоҷират ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ созишнома имзо шудааст, ки тибқи он ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар ва баъд аз бозгашт ба ватан бояд аз ташхиси тиббӣ гузарад.

Бобоев зикр кард, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти мавҷуди муҳоҷирони тоҷик ҳавасманд аст ва ба танзими раванду тартиби муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса ҷудо мекунад.

Мавсуф аз  сафири амрикоӣ хост ба татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ ва таъсиси марказҳои базавӣ (заминавӣ) мусоидат намояд. Дар ин гуна марказҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши забони хориҷӣ пардохта метавонанд соҳиби касбу ихтисосҳои муосире шаванд, ки ҳам дар бозорҳои меҳнатии Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷа дархостиянд.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо ва ҳалли мушкилоти дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҷойдошта ба тавофуқ расиданд.

Тибқи маълумоти омории Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ беш аз 655 ҳазор нафар  аз Тоҷикистон  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ба 16,2% нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Моҳҳои январ ва июли соли ҷорӣ бештар аз 362 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ватан баргаштаанд.

Дар ниҳоди муҳоҷиратӣ зикр карданд, новобаста аз он, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар маҷмӯъ майл ба афзоиш дорад, суръати болоравии муҳоҷирати меҳнатии ҳармоҳа баъд аз авҷаш дар моҳҳои марту апрел, тадриҷан ру ба коҳиш ниҳода истодааст.

«Моҳи июл шумори муҳоҷирони меҳнатӣ андак бештар аз 84 ҳазор нафарро ташкил дода буд,ки ҳамагӣ ба 0,2 дарсад назар ба моҳи июн бештар аст»,-афзуданд дар Хадамоти муҳоҷират. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...