Фурӯши гази моеъ дар Тоҷикистон се баробар афзуд

Тоҷикистон воридоти гази моеъро назар ба моҳҳои январ-июли соли 2012 ба 67 дарсад афзуд. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 101, 194 тонна гази моеъ ворид карда шудааст. «Фурӯши ҳармоҳаи гази моеъ дар саросари ҷумҳурӣ се баробар боло рафтааст. Агар соли […]

Зарина Эргашева



Тоҷикистон воридоти гази моеъро назар ба моҳҳои январ-июли соли 2012 ба 67 дарсад афзуд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 101, 194 тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

«Фурӯши ҳармоҳаи гази моеъ дар саросари ҷумҳурӣ се баробар боло рафтааст. Агар соли гузашта ба ҳисоби миёна аз Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳар моҳ 5 ҳазорӣ тонна ин навъи мавод ба фурӯш бароварда шуда бошад, он гаҳ соли ҷорӣ фурӯши ин намуди сӯзишворӣ ҳармоҳа ба ҳисоби миёна беш аз 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад»,-тавзеҳ доданд дар вазорат.

Тибқи ин маълумот, тавре дар вазорат зикр карданд, теъдоди автомобилҳое, ки бо гази моеъ ҳаракат мекунанд, чанде зиёд шуда, имрӯз аз 50% (соли 2012 40%) мегузарад.

Тибқи маълумоти омории Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бо маблағи $586 як тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар зарфи январ-июли соли сипаришуда арзиши як тонна гази моеъ аз $697 беш набуд.

Агар сухан дар хусуси бозори чакана равад, ҳоли ҳозир дар НФС-и пойтахт арзиши як литр гази моеъ ба ҳисоби миёна 3 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамаи гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.