Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ аз қарзҳои хориҷӣ камтар аз ҳама истифода бурдааст

Таҳлилгарони торнамои «Kursiv.kz» рейтинги кишварҳои ИДМ-ро роҷеъ ба қарзи хориҷӣ тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2013 тартиб доданд. Барои арзёбии ҳаҷми қарзи хориҷӣ гурӯҳи таҳлилии ин торнамо на фақат ҳаҷми худи қарз, балки нишондиҳандаи онро дар нисбати ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баррасӣ карданд, чун ин фисад самарбахшии истифодаи қарзҳоро нишон медиҳад. Русия дар ин […]

Азия-Плюс



Таҳлилгарони торнамои «Kursiv.kz» рейтинги кишварҳои ИДМ-ро роҷеъ ба қарзи хориҷӣ тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2013 тартиб доданд.

Барои арзёбии ҳаҷми қарзи хориҷӣ гурӯҳи таҳлилии ин торнамо на фақат ҳаҷми худи қарз, балки нишондиҳандаи онро дар нисбати ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баррасӣ карданд, чун ин фисад самарбахшии истифодаи қарзҳоро нишон медиҳад.

Русия дар ин раддабандӣ ҷойи якумро касб кардааст. Тибқи арзёбии таҳлилгарон, қарзи хориҷии ин давлат ҳудуди 691,15 баҳо дода мешавад. Таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД-и ин кишвар дар оғози соли 2013 ҳудудан 34% аз ММД-ро ташкил додааст, ки яке аз нишондодҳои беҳтарин дар ИДМ мебошад. Қарзи хориҷии Русия дар семоҳаи аввали соли 2013 дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 23 дарсад афзоиш ёфта, тақрибан 4800 доллар ба ҳар шаҳрванди Русия рост омадааст.

Қазоқистон бо ҳаҷми $139,95 миллиардаи қарзи хориҷияш мақоми дуввумро касб кардааст. Украина дар ин феҳрист дар ҷойи саввум аст. Қарзи хориҷии ин давлат дар ҳудуди андак камтар аз Қазоқистон- $136,28 миллиард арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон дар поёни ин раддабандӣ қарор дорад, зеро ба қавли таҳлилгарон қарзи хориҷии кишвар ба 2,17 миллиард доллар расида, қарз ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ дар ҳудуди 271 доллар рост меояд.

Дар аввали соли таносуби қарзи хориҷии Тоҷикистон ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 29 фисадро ташкил додааст.

Оғози соли равон мизони бештари қарзи хориҷӣ дар қаламрави ИДМ -98% дар Қирғизистон сабт шудааст. Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон, қарзи хориҷии ин кишвар 6,32 миллиард доллар буда, ба ҳар шаҳрванд 1,1 ҳазор доллар рост меояд.

Дар рейтинг кишварҳое ба монанди Узбакистон, Туркманистон ва Озарбойҷон оварда нашудаанд, зеро ҳайати таҳлилии Kursiv.kz маълумот дар бораи қарзҳои хориҷии ин давлатҳоро дар ихтиёр надоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.