Кӯмаки фаннии ИМА ба Агентии назорати маводи нашъаовар


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маросими супоридани воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти тактикӣ, асбобҳои коммуникатсионӣ барои АНМН аз тарафи шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, воситаҳои техникии мазкур барои ҷоннок намудани мубориза бо гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноии байналмилалӣ равона шудааст.

Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров миннатдории хешро барои дастгирии техникӣ ба ҷониби ИМА баён намуда, ба ҳамкориҳои байни АНМН ва сафорати ИМА дар ҶТ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.

Сардори Ситоди Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии гвардияи Миллии Вирҷинияи ҚҲҲ ИМА генерал Вейн Райт инчунин ба тамоюли судманди ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар ин самт баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки саҳми Агентӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар солҳои охир хеле назаррас аст.

Ӯ қайд намуд, ки ИМА минбаъд ҳам кӯшиш менамояд, ки ҳамкориро бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон дар ин самт фаъол созад.

spot_imgspot_img

Популярное