Ифтитоҳи Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд дар Душанбе

Имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматии «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба кор шурӯъ намуд. Дар маросими ифтитоҳи кор конфронс, ки то соати 11 идома меёбад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Баъди он ҷаласаи умумии сатҳи баланд ва сипас як қатор ҷаласаҳо дар мавзӯъҳои […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматии «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба кор шурӯъ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи кор конфронс, ки то соати 11 идома меёбад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Баъди он ҷаласаи умумии сатҳи баланд ва сипас як қатор ҷаласаҳо дар мавзӯъҳои «Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои рушди инсонӣ», «Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои фоидаи иқтисодӣ», «Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои низомҳои экологӣ», «Ҳамкории фаромиллӣ дар соҳаи об» ва ғайра доир мегарданд. Чоршанбе, 21-уми август рӯзи хотимавии кори конфронс мебошад.

Сохтори СММ-ро 7 муовини Дабири кулли СММ бо шумули роҳбарони Бунёди маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), Барномаи рушди СММ, Комиссияи иқтисодии Аврупо, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра намояндагӣ мекунанд.

Дар кори конфронс ҳамчунин роҳбарони ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу минтақавие чун ИДМ, САҲА, СҲШ, Созмони конфронси исломӣ (СКИ), Хартияи энергетикӣ, Шӯрои ҷаҳонии об ва ғайра низ ширкат меварзанд. Шумори иштирокчиёни конфронс дар маҷмӯъ беш аз 900 нафарро ташкил хоҳад дод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.