Додоҷон Атовуллоев ин дафъа дар Тифлис боздошт шуд

Раҳбари ҷунбиши «Ватандор» ва яке аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев бо дархости Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) дар фурудгоҳи пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тифлис боздошт шуд. Атовуллоевро дар ифротгароии динӣ ва терроризм мутттаҳам медонанд. Шаби гузашта дар саҳифаи Атовуллоев дар шабакаи Facebook дар ин бора маълумот дарҷ гардид. Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus


Раҳбари ҷунбиши «Ватандор» ва яке аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев бо дархости Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) дар фурудгоҳи пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тифлис боздошт шуд. Атовуллоевро дар ифротгароии динӣ ва терроризм мутттаҳам медонанд. Шаби гузашта дар саҳифаи Атовуллоев дар шабакаи Facebook дар ин бора маълумот дарҷ гардид.

Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» ӯ хабар дод, ки то замони ошкор шудани тамоми ҳолатҳо ӯро аз фурудгоҳ рухсатӣ намедиҳанд.

«Ба ман иттилоъ доданд, ки маро бо дархости Интерпол боздошт кардаанд. Гӯё маро ҳукуматдорони тоҷик дар ифротгароии динӣ ва терроризм муттаҳам кардаанд. Ман кӣ будани худро ба онҳо фаҳмонидам, чанде аз маводи интишоршудаам дар рӯзномаҳо бо аксамро нишон додам ва ба фикрам онҳоро муътақид сохтам, ки маро ба мақсадҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Вале ба ман гуфтанд, ки масъалаи озодиам бояд дар сатҳи баланд ҳал шавад. Ин ҷо рӯзи корӣ акнун оғоз меёбад ва бар ин назарам, ки ҳамин рӯз ин масъала ҳаллу фасл мегардад. Муносибат нисбати ман хуб аст», – гуфт Атовуллоев.

Ба қавли Атовуллоев, ӯ ба Тифлис аз Прага барои анҷом додани як қатор вохӯриҳо омадааст. Ба гуфтаи ӯ, ин вохӯрӣ мебоист ё дар Украина, ё Туркия ва ё Гурҷистон доир мегардид ва дар ниҳояти кор ба Гурҷистон афзалият дода шуд, зеро он барои ӯ «демократитарин» буда, ӯ бовар дорад, ки ҳукуматдорони Гурҷистон мутаносибан қарори демократӣ қабул хоҳанд кард.

«Агар Гурҷистон маро ба ҳабс гирад, ин як доғе ба демократияи ҷавони Гурҷистон хоҳад буд. Агар маро раҳо кунад, ин шармандагӣ барои Интерпол аст, ки ба ҷустуҷӯи сиёсӣ машғул аст ва ҳамчунин шармандагӣ ба мақомоти тоҷик аст, ки бори дигар корношоямии худро нишон медиҳанд», – изҳор кард Атовуллоев.

Ёдрас мекунем, ки 15-уми июли соли равон Атовуллоев дарҳол пас аз фуруд омадан ба майдони ҳавоии Шереметевои Маскав аз Прага

боздошт шуда буд

, аммо пас аз чанд соат ба ӯ имкон доданд, ки ба Прага баргардад, ки мувақкатан он ҷо иқомат дошт.

Қобили зикр аст, ки журналисти тоҷик ва роҳбари ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев бо интиқоди шадид аз ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон маъруфият касб кардааст. Солҳои ахир ӯ дар Русия ва кишварҳои Аврупо зиндагӣ дорад.

Соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистион бори навбатӣ нисбати Д.Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуда, истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро тақозо намуд, вале ин дархост низ ба мисли дархостҳои пешин аз ҷониби Русия ба инобат гирифта нашуд.

Дар ҳамин ҳол, нимаи моҳи майи соли равон дар шабакаи телевизионии «К+» ва видеохостинги YouTube сабти видеоӣ аз маъракаи тӯйи хонадоршавии писари президенти Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Муаллифи барнома Додоҷон Атовуллоев ва сабти видеоиро ӯ шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.