Супориши раиси пойтахт ҷиҳати бо маводи ғизойӣ таъмин кардани мактабҳо

Чанде қабл дар мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, бо дарназардошти  фарорасии соли нави таҳсили мактабиён Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини соҳаҳои зидахлро муваззаф […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, бо дарназардошти  фарорасии соли нави таҳсили мактабиён Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини соҳаҳои зидахлро муваззаф сохт, ки нисбати бо маводи ғизоӣ таъмин кардани муассисаҳои системаи маорифи шаҳр чораҳои қатъӣ андешанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили омодасозии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, беҳдошти ҳолати зиддисӯхторӣ дар бинову иншоот ва ташкилоту идораҳо, риояи танзими расму оин дар баргузории ҷашну маъракаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар қаламрави шаҳр низ баррасӣ шуданд.

«Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагии шаҳр ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нигаронида дастур фармуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби шаҳрдорӣ тасдиқ гардида анҷоми корҳои пешбинишударо таъмин созанд», – зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи барномаи конфронс мақомоти шаҳрдории пойтахт рӯзи 21-уми август маросими қабул барои иштирокчиёни ин чорабиниро баргузор мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.