Исфара: Қатли як оила бо силоҳи оташфишон

Шаби гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо истифода аз силоҳи оташфишон панҷ нафар – ҳама аъзои як оила ба қатл расонида шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маъмурияти шаҳри Исфара хабар дод, дар бинои хоҷагии деҳқонии «Участок-5», ки бо вилояти Боткенди Қирғизистон ҳаммарз аст, посбони бинои хоҷагӣ Абдуқаҳҳор Халлоқов, ҳамсараш, ду набера […]

Аваз Юлдошев


Шаби гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо истифода аз силоҳи оташфишон панҷ нафар – ҳама аъзои як оила ба қатл расонида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маъмурияти шаҳри Исфара хабар дод, дар бинои хоҷагии деҳқонии «Участок-5», ки бо вилояти Боткенди Қирғизистон ҳаммарз аст, посбони бинои хоҷагӣ Абдуқаҳҳор Халлоқов, ҳамсараш, ду набера ва боз як хешаш кушта шудаанд.

«Бинои саҳроии хоҷагии деҳқонӣ дар қаламрави баҳсӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеъ буда, бо ҳамин сабаб ҳукуматдорони маҳаллӣ алҳол аз ҳама гуна шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар робита бо ин ҷиноят нимаи аввали имрӯз дар Исфара аз ташрифи ҳайати баландпояи ВКД Тоҷикистон интизорӣ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.