Муҳоҷирати кории беш аз 547 ҳазор нафар тоҷикистониён дар соли ҷорӣ

Дар зарфи ҳафт моҳи соли равон беш аз 547 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози сол зиёда аз 655 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки беш аз 547 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва […]

Аваз Юлдошев


Дар зарфи ҳафт моҳи соли равон беш аз 547 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози сол зиёда аз 655 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки беш аз 547 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 60 ҳазор нафар баробар аст.

Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 500 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 12 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.

Дар ин давра беш аз 280 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки 238 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 41 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта ҳудуди 745 ҳазор нафар (беш аз 87 ҳазор нафарашон занон) аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки  ин миқдор нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 6 ҳазор нафар камтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.