Тайи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна семент истеҳсол шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин нишондиҳанда маълумоти бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар кишвар «Тоҷиксемент» ҷой надорад, ки шурӯъ аз оғози сол аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин ҳаҷм ба андозаи 78% ё худ 12,7 ҳазор тонна зиёдтар аст (бидуни назардошти нишондиҳандаҳои «Тоҷиксемент» дар ин давра).
Дар ҳамин ҳол, бинобар сабаби қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, корхонаи «Тоҷиксемент» аз оғози сол аз фаъолият бозмонд.
Бо назардошти маҳсулоти «Тоҷиксемент», моҳҳои январ-июли соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 145 ҳазор тонна семент истеҳсол гардида буд, яъне аз фаъолият бозмондани ин корхонаи бузург ба коҳиши истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар ҳаҷми беш аз 115 ҳазор тонна боис гардид.
Дар ҳамин ҳол, дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ корхонаи нави бузурги истеҳсоли семент бунёд гардид, ки ояндаи наздик ба фаъолият шурӯъ мекунад. Корхонаи муштараки «Хуаксин Гаюр Семент»-и Тоҷикистону Чин дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори лоиҳавии 1 млн. тонна дар як сол ба сифати сӯзишворӣ танҳо аз ангишт истифода мекунад. Барои сохтмон ва харидории таҷҳизоти корхонаи мазкур 100 млн. доллари ИМА маблағ масраф шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, айни замон дар Тоҷикистон 8 корхонаи истеҳсоли семент амал мекунанд ва бузургтаринашон «Тоҷиксемент» (иқтидори лоиҳавӣ 1 млн. тонна дар як сол) аст, ки феълан аз фаъолият бозмондааст.



