Як қатор мулоқоти Гул Шералӣ бо намояндагони ҳайатҳои хориҷӣ


Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Кохи Сомони бустонсарои ҳукуматӣ вохӯрии вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ҳайати як қатор кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷониби Украина таҳти сарпарастии вазири экология ва захираҳои табии Украина О. Прусяков, муовини вазири нерӯи Эрон Алиризо Доимӣ, муовини аввали вазири энергетика ва оби Афғонистон Шуҷовуддин Зиёӣ, дабири кулли Паймони Нерӯ Урбан Руснак ва директори иҷроияи Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ Ричард Тейлор баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқотҳои зикргардида, ҳамчунин вусъат бахшидани ҳамкориҳо ҷиҳати амалисозии мувофиқаҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мазкур дар масъалаҳои энергетика ва саноат ҳосилгардида мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо дар ин бахш ба манфиатҳои мутақобилан судманд хоҳад буд.

spot_imgspot_img

Популярное