АНМН: Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир дар пойтахт


Дар натиҷаи як амалиёти муваффақонаи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ миқдори зиёди маводи мухаддир дар пойтахт мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни амалиёт дар қаламрави пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» боздошт гардида, зимни кофтуков аз дохили он ду баста пайдо карда мешавад.

«Ташхис дар озмоишгоҳи Агентӣ муайян кард, ки ин мавод ҳашиш ва афюн буда, мутаносибан 11 ва 2 кило вазн доранд», – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, маводи мусодирашуда ба мусофири автомашина, сокини вилояти Хатлон таллуқ доштаанд, ки дар муддати кӯтоҳ соҳиби пули зиёд шуданӣ будааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, боздоштшуда дар тавқифгоҳи мувақкатии Агентӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамин тариқ, боз як роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ва минбаъд кишварҳои узви ИДМ аз байн бурда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное