Иқдоми хайриявии «Роҳ ба сӯи мактаб»-и ҲХДТ Бадахшонро фаро гирифт

Иқдоми хайриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Роҳ ба сӯи мактаб”, ки дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад, аз ҷониби масъулини ва фаъолони ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дастгирӣ ёфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, бо ибтикори се нафар аъзои фаъоли ҲХДТ ба тарбиятгирандагони хона – парваришгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба маблағи 8000 […]

ASIA-Plus


Иқдоми хайриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Роҳ ба сӯи мактаб”, ки дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад, аз ҷониби масъулини ва фаъолони ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дастгирӣ ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, бо ибтикори се нафар аъзои фаъоли ҲХДТ ба тарбиятгирандагони хона – парваришгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба маблағи 8000 сомонӣ лавозимоти хониш ва сару либос тақдим карда шуд. Ҳамзамон бо дастгирии аъзои ҲХДТ Чиниев Қадамшоҳ 8 нафар ятимони бепарастори шаҳри Хоруғ бо сару либои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ таъмин карда шуданд.

Шамиров Кишвар, ки аз фаъолони ҲХДТ мебошад, дар ҳаҷми 1200 сомонӣ ба ин гуна ятимони шаҳри Хоруғ кӯмаки амалӣ расонид. Дар ноҳияи Роштқалъа дар ҳаҷми 1050 сомонӣ ба се нафар кӯдаки оилаҳои ниёзманд аз ҷониби Худододов Қурбонҳусейн дар доираи аксияи “Роҳ ба сӯи мактаб” сару либос ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.