Мурофиаи судии даъвои зиёиён нисбати газетаи «Азия-Плюс» боз ба таъхир афтод


Мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои Академияи улуми ҶТ ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ҳамдаъвогарон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди оҳангсозон, Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, номзади улуми тиббӣ, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева, профессори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов ва шоир Ҳикмат Раҳматов нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина дар бораи ҳифзи шаъну шараф, мартабаи корӣ ва ситонидани ҷуброни зарари маънавӣ боз мавқуф гузошта шуд. Бинобар ҷой доштани иштибоҳот дар таҳияи аризаи даъвогӣ, суд ба даъвогарон ҷиҳати ислоҳи он то 3-юми сентябр муҳлат дод.

Тавре ҳуқуқшиноси ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов хабар дод, ҷониби даъвогар ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ва замима ба даъворо пешниҳод намуда, онҳо ба талаботи Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ ҷавобгӯ набуданд. «Аз ин рӯ, ҷониби даъвогар дархост кард, ки даъвогарон камбудиҳоро ислоҳ намоянд», – гуфт ӯ.

Дирӯз, 26-уми август муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина ва идораи нашрия нисбати аризаи даъвогии мазкур ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт эътироз пешниҳод намуданд. Дар эътироз зикр мегардад, ки даъвои пешниҳодшуда беасос ва поймолкунандаи ҳуқуқ мебошад.

Бо истифодаи аз ҳуқуқи конститутсионии худ Тутубалина назари интиқодии худро изҳор намуд, ки дар он манфиатҳои тамоми зиёиён дар назар дошта нашудааст. Ғайр аз ин, ба масъулияти шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ҷалб кардани журналист барои интиқод тибқи Конуститусияи Тоҷикистон, Қонун дар бораи ВАО ва матбуоти даврӣ, Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қатъиян манъ аст.

Ёдрас мекунем, ки

мурофиаи судии аввал

санаи 19-уми август доир гардид. Пас аз баррасии далелҳои пешниҳодгардида судяи парвандаи мазкур, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сурайё Ҷобирова таъинот содир намуда, ба даъвогарон барои ислоҳи камбудиҳо то 27 август муҳлат дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное