Нимаи дуюми рӯзи 27-уми август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 зоҳир гардид.
Тавре зикр гардид, ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ дар иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Маскав бояд баргузор гардад, муҳокима хоҳад шуд.



