Анҷоми кишти такрории зироатҳо дар Тоҷикистон

Кишоварзони тоҷик кишти такрории зироатҳо дар майдони умумии 78 ҳазору 397 гектарро ба итмом расониданд, ки ба 100,1%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, аз майдони умумии кишти такрорӣ зироати ғалладона дар 31,3 ҳазор, ҷуворимакка дар 13,7 ҳазор, дигар зироати ғалладона дар 17 ҳазор, картошка дар 305 […]

Заррина Эргашева


Кишоварзони тоҷик кишти такрории зироатҳо дар майдони умумии 78 ҳазору 397 гектарро ба итмом расониданд, ки ба 100,1%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, аз майдони умумии кишти такрорӣ зироати ғалладона дар 31,3 ҳазор, ҷуворимакка дар 13,7 ҳазор, дигар зироати ғалладона дар 17 ҳазор, картошка дар 305 гектар, сабзавот дар беш аз 7 ҳазор гектар кишт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистон идома дорад. Бино ба маълумоти вазорат, то 26-уми август ҳаҷми зироати ғалладонаи ҷамъоваришуда дар саросари кишвар дар маҷмӯъ 710 ҳазору 329 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 153,7 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ғаллакорон аз ҳар гектар 28,1 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 4 сентнер бештар мебошад.

«Аз ҳаҷми умумии ҳосили зироати ғалладона 570 ҳазору 730 тоннаашро гандум ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо моҳи августи соли гузашта 118,4 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ҳосилнокии гандум аз ҳар гектар 30,9 сентнерро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 5,1 сентнер бештар аст», – гуфтанд дар вазорат.

Имсол дар ҷумҳурӣ зироати ғалладона дар майдони умумии 297 ҳазору 691 гектар кишт шуда, то имрӯз ҳосили 93%-и заминҳои кишт ҷамъоварӣ гардидааст. Гандум дар майдони умумии 22 ҳазору 914 гектар кишт шуда, ҳосили 94%-и заминҳои кишт ҷамъоварӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон умедворанд, ки имсол ҳосили зироати ғалладона, бахусус гандум аз нишондиҳандаи соли гузашта камтар нахоҳад буд. Соли гузашта 1 млн. 200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ гардида буд, ки 801,2 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дода, ин нишондиҳанда аз нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамасола ҳудуди 60-70% аз ин ҳаҷми умумӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад, ки ба таври назаррас ба осебпазирии амнияти ғизойии кишвар таъсиргузор аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.