Эълони ҷустуҷӯи як зани хуҷандӣ ба гумони хариду фурӯши одамон

Як зан, сокини шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши одамон таҳти пайгарди қонунӣ эълон шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл далели ба хариду фурӯши одамон машғул будани сокини шаҳри Хуҷанд, зани 40-сола М.Н. ошкор гардидааст. «Муайян шудааст, […]

Мавлуда Рафиева


Як зан, сокини шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши одамон таҳти пайгарди қонунӣ эълон шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл далели ба хариду фурӯши одамон машғул будани сокини шаҳри Хуҷанд, зани 40-сола М.Н. ошкор гардидааст.

«Муайян шудааст, ки ҳангоми дар Дубай қарор доштан ӯ тариқи телефон ба се нафар занони синнусоли аз 20 то 30-сола, сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ваъдаи таъмин бо корро дода, вале пас аз ба Дубай омадани онҳо, шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро ба фоҳишагарӣ маҷбур кардааст», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки ҳамчунин ӯ ин занонро маҷбур кардааст, ки барои билети ҳавопаймо ва дигар хароҷот аз 10 то 17 ҳазор доллари ИМА ба ӯ пардохт намоянд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбати М.Н. мутобиқи моддаи 130, дараҷаи 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Хариду фурӯши одамон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.