Як зан, сокини шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши одамон таҳти пайгарди қонунӣ эълон шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл далели ба хариду фурӯши одамон машғул будани сокини шаҳри Хуҷанд, зани 40-сола М.Н. ошкор гардидааст.
«Муайян шудааст, ки ҳангоми дар Дубай қарор доштан ӯ тариқи телефон ба се нафар занони синнусоли аз 20 то 30-сола, сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ваъдаи таъмин бо корро дода, вале пас аз ба Дубай омадани онҳо, шиносномаҳояшонро гирифта, онҳоро ба фоҳишагарӣ маҷбур кардааст», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки ҳамчунин ӯ ин занонро маҷбур кардааст, ки барои билети ҳавопаймо ва дигар хароҷот аз 10 то 17 ҳазор доллари ИМА ба ӯ пардохт намоянд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбати М.Н. мутобиқи моддаи 130, дараҷаи 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Хариду фурӯши одамон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



