Коргоҳи дӯзандагии «Зебо» барои 20 нафар занону духтарон тайи моҳи ҷорӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба фаъолият оғоз кард.
Бино ба иттилои яке аз дӯзандагони ин коргоҳ Таманно Исматова, мақсад аз ифтитоҳи сехи мазкур баланд бардоштани савияи касбу ҳунаромӯзии занону духтарони хонанишин ва таъмин кардани онҳо бо ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, коргоҳи мазкур барои толибилмон либосҳои ягонаи мактабӣ омода мекунад, зеро айни ҳол талабот ба ин маҳсулот зиёд аст.
Ин коргоҳи дӯзандагиро соҳибкори инфиродӣ Қурбон Достиев бунёд карда, бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз сохтааст. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик боз 20 нафар занону духтарони хонанишинро соҳиби касб карда, бо ҷойи кор таъмин созад.



