Сардори РХФМ Оренбург: Диаспораҳои тоҷикон бештар ба тиҷорат рӯ меоранд


Зимни сафари корӣ ба вилояти Оренбург консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Содиқ Имомов аз Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират (РХФМ)-и ин вилоят боздид намуда, бо сардори Раёсати мазкур Константин Духанин мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, К.Духанин зимни мулоқот қайд кард, ки тайи солҳои ахир муколамаи мустақими Раёсат бо Консулгарии генералӣ ба роҳ монда шудаааст, ки ба ҳалли бисёр масоили марбут ба муҳоҷирон мусоидат кард.

Бино ба маълумоти Духанин, соли равон ба қаламрави вилояти Оренбург 8 ҳазору 410 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон омада, ба қайди муҳоҷират гузошта шудаанд. Айни замон дар қаламрави ин вилоят бо иҷозатномаи зисти муваққатӣ беш аз 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ кору иқомат доранд, ки 1 ҳазору 700 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Бо иҷозатномаи зисти дарозмуддат беш аз 3,3 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ кору иқомат дошта, 789 нафарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ – шаҳрвандони Русия 2 ҳазору 852 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб шудаанд. Имсол ба 302 нафар тоҷикон иҷозатнома барои кор дар ин вилоят дода шудааст.

«Миёни мушкилоти мавҷуда оид ба ҳамкории мутақобила бо ҷамъиятҳои тоҷикон Константин Духанин изҳор намуд, ки феълан диаспораҳои тоҷикон бештар ба соҳаи тиҷорат рӯ оварда, ахиран тамоили нодида гирифтани мушкилоти ҳамватанонашон аз ҷониби онҳо ба мушоҳида мерасад», – зикр кард Аҳмадов.

Ба қавли ӯ, Содиқ Имомов ба ҳамсуҳбаташ итминон додааст, ки минбаъд низ ба мақомоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз ҷумла дар масъалаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Тоҷикиситон кумаку мусоидат карда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное