Боздиди намояндаи махсуси Дабири кулли СММ аз АНМН


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори АНМН генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ оид ба Афғонистон, Роҳбари миссияи СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои паҳншавии маводи нашъадор ҳамчун яке аз таҳдидҳои асосии инсоният, инчунин дар бораи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир  сухан гуфтанд.

«Мақсади асосии вохӯрӣ муҳокима намудани масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, инчунин муҳокимаи рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти мазкур буда, директори Агентӣ ҷаноби Кубишро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтаъқа шинос намуд», – зикр мегардад дар хабари Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ба вазъияти Афғонистон ва рушди минбаъда дар минтаъқа баъди соли 2014 таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷаноби Кубиш ба фаъолияти АНМН дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баҳои баланд дод ва қайд кард, ки Агентӣ дар арсаи байналмилалӣ, дар байни кишварҳо ва созмонҳои бонуфуз обрӯю эътибори хоса дорад.

«Инунин дар рафти вохӯрӣ фаъолияти муваффақонаи ҳамкориҳо бо ҳамкасбони Афғонистон қайд карда шуд. Соли гузашта бо кӯшиши афсарони алоқаи Агентӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 28 амалиёт гузаронида, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 3,5 тонна маводи мухаддир мусодира гардид», – омаддаст дар иттилоъ.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин ба ҳамкориҳо дар минтақа дар доираи «квартет»-и зиддимухаддиротӣ (ҶТ, ФР, ҶИА ва ҶИП), ташаббуси АҚТ (Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) баҳои баланд дода шуд.

spot_imgspot_img

Популярное