Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қирғизистон, як гурӯҳи парашютчиёни қирғиз, ки дар мавзеи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамин ҳафта фуруд омадаанд, то ҳанӯз дарёфт нашуда, хадамоти махсус дар ҳамдастӣ бо марзбонони ин кишвар дар чарогоҳи Сари-Ҷази вилояти Ботканд ба ҷустуҷӯи онҳо машғуланд.
Хабаргузории КирТАГ бо истинод ба мақомоти дахлдор менависад, субҳи имрӯз сокинони наздики ин маҳал онҳоро дидаанд ва сипас як гурӯҳи кормандони милиса ба ин мавзеъ сафарбар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ТоҷикТА, марзбонони тоҷик низ аз ин ҳодиса огаҳӣ дошта, парашютчиёни қирғизро ҷустуҷӯ доранд. Ба иттилои хадамоти марзбонии тоҷик, парашютчиён дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Ворух, 140-километрии шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд фуруд омадаанд.
Котиби матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» маълумот дар бораи аз ҷониби марзбонони тоҷик ҷустуҷӯ шудани парашютчиёни қирғизро тасдиқ накард. «Мо перомуни парашютчиёни бедаракшудаи қирғиз маълумоте дар даст надорем ва дар ин бора чизе гуфта наметавонем», – иброз дошт ӯ.



