Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ӯзбекистон

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили солгарди навбатии Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба президенти ин кишвар Ислом Каримов барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ҷонибдори корҳои наҷиби таҳкимбахшандаи муносиботи дӯстӣ, ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямон мебошад, ки решаи таърихӣ доранд.

- Advertisement -

«Мо ба гуфтугӯи сиёсии эътимодбахш бо мақсади самаранок ва комимл намудани муносибот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо, ки дорои таваҷҷуҳи ҳарду ҷонибанд, омодаем», – омадааст дар барқия.

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы