«Хайр»-и Ваҳдат ба Ҷоми ФФТ соҳиб шуд

Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва КМВА «Помир»-и Душанбе бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфта, 30 дақиқаи иловагӣ низ ғолибро муайян накард. Дар силсилаи […]

ASIA-Plus


Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва КМВА «Помир»-и Душанбе бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфта, 30 дақиқаи иловагӣ низ ғолибро муайян накард.

Дар силсилаи зарбахои 11-метра футболбозони дастаи «Хайр» бо ҳисоби 6 бар 5 дастболо шуданд. Ягона зарбаи хато аз ҷониби капитани дастаи КМВА «Помир», футболбози соҳибтаҷриба Раҳматулло Фузайлов сурат гирифта, зарбаи задаи ӯ ба паҳлучӯби дарвоза бархӯрд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ ноиби президенти ФФТ Хуршед Мирзоев ба капитани дастаи «Хайр» Мирзобек Мирзоев Ҷоми ФФТ ва сертификат ба маблаги 20 ҳазор сомониро супурд. Футболбозон, ҳайати раҳбарӣ ва мураббиёни дастаи «Хайр» бо медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Ба футболбозону ҳайати рахбарӣ ва мураббиёни дастаи КМВА «Помир» дабири кулли ФФТ Ислом Маҳмадшоев сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва медалҳои нуқраи Ҷоми ФФТ-ро тақдим кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.