Маҳкумияти ду тоҷикистонӣ дар Украина барои нашъаҷаллобӣ

Ҳайати мушовараи судии суди ноҳияи Киеви шаҳри Симферопол ду шаҳрванди Тоҷикистон, бародаронро ба 11 ва 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Суд онҳоро ба узвият дар гурӯҳи ҷиноятпешаи байнулмилалӣ, ки воситаи интиқоли героин ба Украинаро роҳандозӣ намуда буданд, гунаҳкор эътироф намуд. Дар сомонаи расмии Хадамоти амнияти Украина дар ин робита зикр мегардад, ки моҳи августи соли […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳайати мушовараи судии суди ноҳияи Киеви шаҳри Симферопол ду шаҳрванди Тоҷикистон, бародаронро ба 11 ва 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Суд онҳоро ба узвият дар гурӯҳи ҷиноятпешаи байнулмилалӣ, ки воситаи интиқоли героин ба Украинаро роҳандозӣ намуда буданд, гунаҳкор эътироф намуд.

Дар сомонаи расмии Хадамоти амнияти Украина дар ин робита зикр мегардад, ки моҳи августи соли 2012 дар фурудгоҳи байнулмилалии «Бориспол» кормандони хадамот дар Қрим шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки аз Душанбе ба Украина омада буд.

«Ин ҷавон ба интиқоли қариб 300 грамм героин дар дохили меъдаи худ (46 адад ғилофак) тавассути марзи давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода, тафтиш созмондеҳи ин амал будани бародари ӯро, ки муддати зиёд дар Қрим иқомат дошт, ошкор намуд. Қаблан низ бародари ӯ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд», – зикр мегардад дар хабар.

Мувофиқи қарори ҳайати мушовараи судӣ, ҳарду бародарон ба қочоқи воситаҳои нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд муттаҳам дониста шуданд. Бародари калонӣ ҳамчунин ба ҷалби ноболиғон ба фаъолияти ҷинояткорона айбдор дониста шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.