Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 17-уми сентябр доир гардида, дар кори он ҳудуди 600 вакилон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.
Бино ба иттилои муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, дар анҷуман шакли иштироки ҳизб дар интихобти президентии рӯзи 6-уми ноябри соли равон баррасӣ мешавад.
«Дар анҷуман дар бораи пешбарии номзад аз ҲНИТ ё дастгирӣ аз номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон қарор қабул хоҳад шуд», – зикр кард Ҳайит.
Дар идома ӯ изҳор намуд, ки имрӯз масъалаи аз ҷониби ҲНИТ дастгирӣ шудани президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот комилан ҷой надорад.
«Муддати қариб ду моҳ тавассути барномаҳои иттилоотии шабакаҳои давлатии телевизионӣ сюжетҳои бадномкунандаи ҲНИТ, роҳбарони он намоиш дода мешаванд. Рӯз то рӯз сохторҳои давлатӣ меъёрҳои қонунгузориро риоя накарда, фишор болои ҳизби моро зиёд мекунанд ва дар чунин ҳолат дар бораи дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ҷойи гапе ҳам нест», – мутмаин аст муовини раиси ҲНИТ.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.
Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.



