Э.Раҳмон ҳайати парлумони Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Фаронса аз гурӯҳи дӯстии “Фаронса ва Осиёи Марказӣ”- ро, ки бо роҳбарии сенатор Андре Дюле ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва сармоягузорӣ, илму техника ва густариши […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Фаронса аз гурӯҳи дӯстии “Фаронса ва Осиёи Марказӣ”- ро, ки бо роҳбарии сенатор Андре Дюле ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва сармоягузорӣ, илму техника ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

“Муносиботи Тоҷикистону Фаронса тайи солҳои ахир рӯй ба рушди устувор овардаанд”, – бо қаноатмандӣ изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфти Андре Дюле, “Фаронса, аз ҷумла парлумони он омода аст, аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мудом дастгирӣ намояд”.

Фаъолияти босамари ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонии Фаронса ба мисли Тотал ва Алстом дар Тоҷикистон нишонаи оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва технологии ду кишвар номида шуд. Ба таъкиди Андре Дюле “ширкатҳои зиёди дигар низ аз Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан ба бахши саноати кӯҳии он таваҷҷуҳи хоса доранд”.

Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва густариши ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт ва ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.