Мушовирони Иттиҳоди Аврупо аз АНМН боздид карданд

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева бо   машваратчиёни Иттиҳоди Аврупо хонум  Карен Мак Хю ва хонум  Роҳила  Нурбоева баргузор гардид. Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, мақсади асосии ташрифи меҳмонон аз гузаронидани баҳодиҳӣ  ба давраи 8-уми Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ёрӣ расонидан дар […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева бо   машваратчиёни Иттиҳоди Аврупо хонум  Карен Мак Хю ва хонум  Роҳила  Нурбоева баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, мақсади асосии ташрифи меҳмонон аз гузаронидани баҳодиҳӣ  ба давраи 8-уми Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ёрӣ расонидан дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ  (БОМКА), инчунин аз рафти амалисозии лоиҳаҳои Барномаи мазкур дар ҳудуди кишвари мо иборат мебошад, ки марҳилаи давраи аз июни соли 2011 то июни 2014-ро дар бар мегирад.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ  Б. Одинаева ба машваратчиён оид ба фаъолияти муштараки АНМН бо дигар вазорату идораҳо, ки ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар байни аҳолии кишвар равона шудааст, маълумот дод.

«Дар заминаи хадамоти кинологии Агентӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо Маркази таълимии байниидоравии кинологӣ кушода шуд, ки дар он дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, инчунин  кормандони идораҳои зиддимухаддиротии ҶИА ва дигар давлатҳои минтақа дарс омӯхта, тахассуси касбии худро баланд бардоштанд, – қайд кард ӯ. – Аз тарафи Агентӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар  бо дастгирии Барномаи БОМКА бо мақсади ёрӣ расонидан дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст».

Гуфта мешавад, дар навбати худ хонум  Карен Мак Хю барои ҳамкории АНМН ва БОМКА дар амалисозии Барнома дар ҳудуди Тоҷикистон баҳои баланд дод. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ изҳори ақида карданд.Барномаи БОМКА аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, тариқи Барномаи Рушди СММ амалӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов