Пешниҳоди вакили қирғиз бобати пас аз марг мукофотонидани директори «Назарайлоқ»

Вакили Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) аз фраксияи «Ар-Намис» Турсунбой Боқир уулу дар ҷаласаи рӯзи 5-уми сентябри парлумон пешниҳод кардааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Нуриддин Темиров пас аз марг бо мукофот сарфароз гардонида шавад. Ин ҷо дар бораи директори кони ангишти «Назарайлоқ», Нуриддин Темирови 59-сола сухан меравад, ки шаби 2-юми сентябр дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт – […]

ASIA-Plus


Вакили Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) аз фраксияи «Ар-Намис» Турсунбой Боқир уулу дар ҷаласаи рӯзи 5-уми сентябри парлумон пешниҳод кардааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Нуриддин Темиров пас аз марг бо мукофот сарфароз гардонида шавад.

Ин ҷо дар бораи директори кони ангишти «Назарайлоқ», Нуриддин Темирови 59-сола сухан меравад, ки шаби 2-юми сентябр дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм аз ҷониби шахсони номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон

кушта шуд

.

Бино ба навиштаи рӯзномаи «Вечерний Бишкек» бо такя ба гуфтаҳои вакили парлумони Қирғизистон, чанд сол қабл Нуриддин Темиров дар ҳалли мухолифатҳо дар вилояти Ботканд кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст.

«Ӯ ба Афғонистон сафар намуда, бо намояндагони толибон гуфтушундҳо анҷом дод ва дар озодии чор нафар гарвагонони ҷопонӣ саҳм гузошт. Сарфи назар аз шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯ, хизматҳои ӯ ба Қирғизистон шоистаи таҳсин аст. Биёед пас аз маргаш ӯро қадронӣ кунем, зеро ӯ ба ин арзанда аст», – гуфтааст вакили қирғиз.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.