Интихоби вакилон аз Суғд ба анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ

Дар конфронси ғайринавбатии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки чанде қабл дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гардид, баҳри иштирок дар Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ, ки 4-уми октябр пешбинӣ мешавад, 281 вакил аз вилояти Суғд интихоб шуд. Маҳз дар ҳамин анҷуман номзади ҲХДТ ба мансаби президентӣ эълон хоҳад шуд. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus


Дар конфронси ғайринавбатии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки чанде қабл дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гардид, баҳри иштирок дар Анҷумани ғайринавбатии ҲХДТ, ки 4-уми октябр пешбинӣ мешавад, 281 вакил аз вилояти Суғд интихоб шуд. Маҳз дар ҳамин анҷуман номзади ҲХДТ ба мансаби президентӣ эълон хоҳад шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, дар конфронс ҳамчунин аз фаъолияти бахши ҳизб дар як соли ахир натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҳизбӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон муайян карда шуданд.

Дар анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ аз иштироки беш аз 1 ҳазор нафар аъзои ҳизб интизорӣ меравад. Макони баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ алҳол маълум нест.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.