Кӯмакпулии шаҳрдории пойтахт ба муносибати солгарди ҷашни Истиқлол

Ба мунсоибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе ба собиқадорону ҷангу меҳнат ва  кормандони сохторҳои гуногуни пойтахт кӯмаки якдафъаинаи пулӣ мерасонад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, барои кӯмаки якдафъаинаи пулӣ ба ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (ба ҳар кадоме 750 […]

ASIA-Plus


Ба мунсоибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе ба собиқадорону ҷангу меҳнат ва  кормандони сохторҳои гуногуни пойтахт кӯмаки якдафъаинаи пулӣ мерасонад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, барои кӯмаки якдафъаинаи пулӣ ба ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (ба ҳар кадоме 750 сомонӣ), муҳосирбудагони шаҳри Ленинград дар ҶБВ, ҳамсарони дар фронт фавтида, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони интернатсионалияти маъюби Афғонистон, иштирокчиён ва маъюбони садамаи Чернобил ва аъзои оилаи фавтидагон ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ (ба ҳар кадоме аз 500 то 700 сомонӣ) аз буҷети шаҳр 3 млн. 605 ҳазору 950 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Ба иттилои манбаъ, гайр аз ин, ба 1 ҳазору 310 оилаҳои сокинони пойтахт, ки дар онҳо беш аз 2 нафар маъюбон зиндагӣ доранд, дар ҳаҷми 700 сомонӣ ба ҳар кадоме аз оилаҳо кӯмакпулӣ пардохт гардида, 3 ҳазору 726 нафар кӯчарӯбону фаррошони пойтахт ҳар кадоме 500 сомонӣ ва 142 нафар раисони микрорайонҳову 12 нафар раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ҳар кадоме 700 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина мегиранд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.