Таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия

Ба муносибати таҷлили ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскаву Екатеринбурги Русия чорабиниҳои идона доир гардиданд. Рӯзи 8-уми сентябр чунин чорабинӣ дар шаҳри Уфа низ баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, рӯзи 5-уми сентябр дар Маркази фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шаҳри […]

ASIA-Plus


Ба муносибати таҷлили ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскаву Екатеринбурги Русия чорабиниҳои идона доир гардиданд. Рӯзи 8-уми сентябр чунин чорабинӣ дар шаҳри Уфа низ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, рӯзи 5-уми сентябр дар Маркази фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шаҳри Маскав ба ин муносибат маросими қабули расмӣ барпо шуд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз ҷумла зикр намуд, ки сарфи назар аз душвориҳои зиёд, дар ин давраи начандон тӯлонии таърихӣ нерӯҳои солими кишвар ва раҳбарияти ҷумҳурӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу созиш ва ризоияти миллӣ ноил гардида, ислоҳоти бузургмиқёси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро роҳандозӣ намуданд.

«Дар замони истиқлолият Тоҷикистон бо беш аз 100 кишгвари дунё муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ намуда, бидуни шубҳа, Русия дар ин қатор мақоми хоссаро соҳиб аст ва Русия доимо дӯсти наздики Тоҷикистон буда, сол то сол беҳтар гардидани муносибатҳоямонро мо шоҳидем», – гуфт сафир.

Директори департаменти сеюми кишварҳои узви ИДМ-и ВКХ Русия Александр Стерник изҳор дошт, ки Тоҷикистон тадриҷан ба самти бунёди давлати мустақилу демократӣ ва сулҳпарвар роҳ пеш гирифта, Русия ҳамеша ба рушд ва сулҳу субот дар Тоҷикистон манфиатдор аст. «Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия оид ба дурнамои рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷониба тавофуқ ҳосл шуд», – таъкид дошт номбурда.

Сипас барномаи консертии ҳунармандони Тоҷикистону Русия намоиш дода шуда, ҳозирин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ҷумҳурӣ боздид карданд. Дар қабули расмӣ ба муносибати ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Маскав ҳудуди 500 нафар намояндагони ВКХ Русия, корпусҳои дипломатӣ, доираҳои тиҷоратии Русия, арбобони илму ҳунар ва фарҳанг ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон ширкат варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.