Мулоқоти раиси пойтахт бо ҳайати шаҳри Ройтлингени Олмон

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати меҳмонони бародаршаҳри Душанбе аз Ройтлингени Олмонро таҳти сарварии аъзои Маҷлиси шаҳрии Ройтлинген ҷаноби Юрген Штрауб, ки тайи чанд рӯз аз Тоҷикистон боздид намуданд, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси пойтахт, зимни мулоқот раиси шаҳр аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки робитаҳои […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати меҳмонони бародаршаҳри Душанбе аз Ройтлингени Олмонро таҳти сарварии аъзои Маҷлиси шаҳрии Ройтлинген ҷаноби Юрген Штрауб, ки тайи чанд рӯз аз Тоҷикистон боздид намуданд, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси пойтахт, зимни мулоқот раиси шаҳр аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки робитаҳои ҳасанаи бародаршаҳрӣ имрӯз имкон медиҳанд, ки дар радифи табодули таҷрибаи ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳоти фарҳанг ва маорифу тандурустӣ бахши сайёҳӣ низ рушд карда бошад.

«Ҷаноби Юрген Штрауб аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбати анҷомгирифта изҳори сипосмандӣ намуда, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев номаи шодбошии Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бошро ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расонида, аз бардоштҳои неки худ оид ба пешрафтҳои  Тоҷикистон, пеш аз ҳама пойтахти он шаҳри Душанбе ибрози ақида намуданд», – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев бо истифода аз ҳузури меҳмонон Обербургомистери Ройтлинген хонум Барбара Бошро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои марбут ба ҷашни 90- солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе даъват кард.

Маврид ба ёдоварист, ки шаҳрҳои Душанбеву Ройтлинген моҳи октябри соли 1991 бародаршаҳр эълон шуда буданд. Шаҳри Ройтлинген дар қаламрави заминҳои федералии Баден-Вюртемберг ҷойгир шуда, маркази маъмурии ноҳиявӣ мебошад. Шумори аҳолии Ройтлинген ҳудуди 112 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Ройтлинген дафтарҳои кории ширкатҳои маъруфе чун «Бош» ва «Бетс» фаъолият мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.