East Air 26 стюардессаҳоро бо ҷойи кор таъмин намуд

Ширкати ҳавопаймоии  East Air бо натиҷагирӣ аз озмуни моҳи июл эълоншуда 26 нафар духтаронро ба сифати роҳбаладон (стюардессаҳо) интихоб намуд. Бино ба маълумоти ширкати ҳавопамоии мазкур, ба озмун дар маҷмӯъ 100 ариза аз хоҳишмандон пешниҳод гардида, зимни интихоб на танҳо симои зебои зоҳирӣ, балки сатҳи рушди зеҳнии номзад, вазъи хуби ҷисмонӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, қобилияти […]

ASIA-Plus


Ширкати ҳавопаймоии  East Air бо натиҷагирӣ аз озмуни моҳи июл эълоншуда 26 нафар духтаронро ба сифати роҳбаладон (стюардессаҳо) интихоб намуд.

Бино ба маълумоти ширкати ҳавопамоии мазкур, ба озмун дар маҷмӯъ 100 ариза аз хоҳишмандон пешниҳод гардида, зимни интихоб на танҳо симои зебои зоҳирӣ, балки сатҳи рушди зеҳнии номзад, вазъи хуби ҷисмонӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, қобилияти хуби рафтору муносибат бо одамон ва дигар малакаҳо ба инобат гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ширкати  East Air боз намудани якчанд хатсайрҳои нави ҳавоиро дар нақша дорад ва гурӯҳи нави роҳбаладон баъди аз давраи омӯзишӣ гузаштан, ба кори мустақилона дар ин хатсайрҳо шурӯъ мекунанд. Пас аз қабули гурӯҳи нав айни замон хадамоти роҳбаладони ширкат аз 48 нафар иборат аст.

Ширкати ҳавопаймоии  East Air аз соли 2007 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Феълан ширкат парвозҳо аз шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск ва Оренбурги Русияро анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои истеҳсоли кишварҳои ғарби Boeing 737 ва Airbus A320 иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.