БАОР: Ҳаҷми маблағгузории мутақобилаи кишварҳои узви ИДМ 32% афзуд

Дар гузориши ҳамасолаи Маркази таҳқиқоти ҳамгиройиии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти унвони «Мониторинги сармоягузориҳо дар кишварҳои ИДМ – 2013» зикр мегардад, ки ҳаҷми маблағгузории мутақобилаи хориҷии захирашудаи мустақими кишварҳои зуви ИДМ қариб 54 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар зарфи се соли баъдибуҳронӣ ба андозаи 32% афзудаанд. Гуфта мешавад, миёни сармоягузорон ширкатҳои русиягӣ пешсафанд. Аз […]

ASIA-Plus


Дар гузориши ҳамасолаи Маркази таҳқиқоти ҳамгиройиии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) таҳти унвони «Мониторинги сармоягузориҳо дар кишварҳои ИДМ – 2013» зикр мегардад, ки ҳаҷми маблағгузории мутақобилаи хориҷии захирашудаи мустақими кишварҳои зуви ИДМ қариб 54 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар зарфи се соли баъдибуҳронӣ ба андозаи 32% афзудаанд.

Гуфта мешавад, миёни сармоягузорон ширкатҳои русиягӣ пешсафанд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2012, 82,7% (44,5 млрд. $)-и ҳаҷми маблағгузории андӯхташудаи мутақобилаи хориҷӣ ба Русия рост омада, муомилоти бузургҳаҷм низ аз ҷониби ширкатҳои русиягӣ амалӣ шудаанд.

Тибқи гузориш, сармоягузоронии бузурги минбаъда дар минтақа Қзоқистон – 5,62 млрд. $, Украина – 1,57 млрд. $, Озарбойҷон – 1,55 млрд. $ ва Белорус – 0,40 млрд. $ мебошанд.  Дар гузориш ҳиссаи дигар кишварҳо дар ҳаҷми умумии маблағгузории андӯхташудаи мутақобилаи хориҷӣ ночиз арзёбӣ мешавад.

Аз рӯи ҷалби сармоягузорӣ Украина пешсаф буда, 17,1 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ ба он рост меояд. Ҳаҷми сармоягузории андӯхташудаи мустақими хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон 1 млрд. доллари ИМА (комилан аз ҳисоби сармоягузории Русия)-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.