Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд, дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ ба кор шуруъ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами +(992) 44- 600-15-20 ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд.
Гуфта мешавад, телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.


