КМИР дар 22 шаҳри Русия қитъаҳои овоздиҳӣ боз мекунад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон барои ташкили овоздиҳии муҳоҷирони кории тоҷик дар интихоботи президентӣ дар 22 шаҳри бузурги Русия қитъаҳои овоздиҳӣ боз карданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, дар интихоботи парлумони соли 2010 ҳамагӣ дар 8 шаҳри Русия қитъаҳои овоздиҳӣ боз шуда буданд. «Дар ҳамдастӣ бо Вазорати […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон барои ташкили овоздиҳии муҳоҷирони кории тоҷик дар интихоботи президентӣ дар 22 шаҳри бузурги Русия қитъаҳои овоздиҳӣ боз карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, дар интихоботи парлумони соли 2010 ҳамагӣ дар 8 шаҳри Русия қитъаҳои овоздиҳӣ боз шуда буданд.

«Дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ КМИР аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард, то ки ҳарчи бештар муҳоҷирони корӣ дар интихобот ширкат варзанд», – зикр кард Додоев.

Ӯ ҳамчунин ба ақидаи бархе аз роҳбарони аҳзоби сиёсӣ перомуни дар Русия кору иқомат доштани аз 1,5 то 2 млн. нафар муҳоҷирони тоҷик қотеъона изҳори норозигӣ кард ва таъкид дошт, ки тибқи маълумоти расмии ҳукумат, айни замон дар Русия аз 800 то 900 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

«Тибқи омори расмӣ ва ҳисобҳои мо, аксари муҳоҷирони корӣ тирамоҳ ба ватан бармегарданд ва онҳо дар маҳалли зисти худ дар интихобот иштирок хоҳанд кард», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов