Суғд: Боздошти як зан ба гумони ҷалби одамон барои истисмор

Як зан, сокини вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон барои истисмор боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл кормандони Раёсат як зани 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров С.Д.-ро ба ин гумон боздошт намудаанд. «Рӯзи 8-уми сентябр дар фурудгоҳи Душанбе ба ду нафар […]

Мавлуда Рафиева


Як зан, сокини вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон барои истисмор боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл кормандони Раёсат як зани 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров С.Д.-ро ба ин гумон боздошт намудаанд.

«Рӯзи 8-уми сентябр дар фурудгоҳи Душанбе ба ду нафар занони синнусоли 20 ва 22-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба парвоз ба шаҳри Дубай иҷоза нашуда, муайян карда шуд, ки боздоштшуда С.Д. бо мақсади истимори шаҳвонӣ онҳоро ба хориҷи кишвар бурданӣ будааст», – гуфтанд дар Раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 132, қ 3-и КҶ ҶТ (Ҷалби одамон барои истисмор) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.