Коршинос: Нисбати Бобоназарова ҳукумат аз фишор истифода карда наметавонад

Сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлатов дар робита ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ изҳор намуд, ки пешгӯии се моҳ пеши ӯ дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» оид ба эътилоф таъсис дода натавонистани мухолифини тоҷик дуруст баромад. Ба андешаи ӯ, Ойниҳол Бобоназарова, ки аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон пешбарӣ шуд, ба гуфтаи […]

Аваз Юлдошев


Сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлатов дар робита ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ изҳор намуд, ки пешгӯии се моҳ пеши ӯ дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» оид ба эътилоф таъсис дода натавонистани мухолифини тоҷик дуруст баромад.

Ба андешаи ӯ, Ойниҳол Бобоназарова, ки аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон пешбарӣ шуд, ба гуфтаи худи ӯ, номазади миёни ҷонибҳо мувофиқашуда аст.

«Аксаран боварӣ доштанд, ки аз ҳама мухолифи шадид Раҳматилло Зойиров номзад мешавад ва ӯ воқеан ҳам барои ҳукумат мухолифи шоиста мебошад. Ба ҳар ҳол, бояд қайд кунам, ки ҲСДТ-и таҳти сарварии Зойиров қарордошта дар ҷомеа нуфузи зиёде надорад», – зикр кард Давлатов.

Дар идома ӯ иброз дошт, ки 8-9 сол қабл, дар интихоботи парлумонии солҳои 2005-2006, дар остонаи интихоботи президентии соли 1999 низ аҳзоби сиёсӣ ба таъсиси эътилоф кӯшиш ба харҷ дода буданд ва дар маъракаи интихоботии соли 1991 бошад, ҲНИТ ҳарчанд расман изҳор дошта буд, ки номзад аз нерӯҳои демократиро дастгирӣ мекунад, вале дар амал ҷонибдории зиёде зоҳир накард.

«Бобоназарова дар таъсиси Ҳизби демократии тоҷикистон саҳм дорад. Бобоназарова ҳангоми ба қудрат расидани ҳукуматдорони кунунӣ, ки ӯро ба ҳабс гирифтанду сипас зери фишори шадиди ҷомеаи байнулмилалӣ маҷбур шуданд озодаш кунанд, аз саҳнаи сиёсӣ дур шуд. Ӯ номзади арзанда ба мансаби президентӣ буда, солҳои тӯлонӣ дар САҲА ва Бунёди Сорос фаъолият дошт. Шахси ҷасури қавиирода ва бисёр зинаҳои мушкили ҳаётро паси сар намуд. Аз ин рӯ, ба гумон аст, ки нисбати ӯ ҳукуматдорон бо истифода аз фишангҳои фишор кор гиранд, зеро кӯшишҳои фишор ба корманди (бигзор собиқ) ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ ба ҷанҷоли пурсарусадои байнулмилалӣ боис шуда метавонад», – чунин мешуморад коршинос.

Ба қавли ӯ, айни замон масъалаи муҳимтарин барои О.Бобоназарова ба созиш овардани ҲНИТ ва ҲСДТ аст, зеро дар акси ҳол роҳандозии фаъолияти ҳатто ситоди пешазинтихоботӣ низ мушкил хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов