Раисони аҳзоби мухолиф сабаби иштирок накардан дар интихоботро шарҳ доданд

Аъзои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) сабаби ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ пешбарӣ намудани номзадии Ойниҳол Бобоназароваро шарҳ доданд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ба хотири пайдо нашудани мухолифат дар сафҳои ИНИТ номзадии худро бозпас гирифта, номзади ягонаро ҷонибдорӣ кардааст. Зойиров ҳамчунин зикр кардааст, ки ҳукумат чунин таблиғотеро […]

ASIA-Plus


Аъзои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) сабаби ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ пешбарӣ намудани номзадии Ойниҳол Бобоназароваро шарҳ доданд.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ба хотири пайдо нашудани мухолифат дар сафҳои ИНИТ номзадии худро бозпас гирифта, номзади ягонаро ҷонибдорӣ кардааст. Зойиров ҳамчунин зикр кардааст, ки ҳукумат чунин таблиғотеро роҳандозӣ намудаанд, ки гӯё ӯ агенти Ӯзбекистон бошад.

«Дар сафҳои ҲНИТ низ шахсоне буданд, ки мухолифи номзадии ман буданд ва онҳо пешниҳод мекарданд, ки ман номзадиамро бозпас гирам. Агар ман чунин рафтор намекардам, нофаҳмиҳо ба вуҷуд меомад ва пошхӯрии иттиҳод хеле воқеӣ мешуд», – иброз доштааст Зойиров.

Ба қавли ӯ, дар ин робита ҷонибҳо ба созиш расида, баҳри рушди Тоҷикистон ӯ аз иштирок дар маъракаи интихоботи президентӣ даст кашидааст.

Дар навбати худ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зикр кардааст, ки ақидае роиҷ аст, ки аҳолӣ, ҷомеаи байнулмилалӣ ва Тоҷикистон номзад аз ҲНИТ-ро қабул надорад.

«Агар хоксориро як сӯ гузорем, метавон гуфт, ки ҲНИТ агар ҳизби аз ҳама пурқудрат набошад ҳам, ҳадди ақал аз дигар аҳзоб заифтар нест ва комилан мантиқӣ мебуд, агар номзадии худро пешбарӣ мекардам. Ман шахсан бо ақидаи дар боло зикршуда розӣ нестам, зеро агар ҷомеа аз ҲНИТ ҳарос медошт, ба ҷонибдории мо дар интихоботи парлумонии соли 2010 овоз намедоданд ва агар ҷомеаи байнулмилалӣ аз мо ҳарос медошт, намояндагони он бо аъзои ҲНИТ вохӯриҳо барпо намекарданд», – иброз доштааст Кабирӣ.

Ба ҳар ҳол, ҲНИТ тасмим гирифт, ки номзадии Ойниҳол Бобоназароваро дастгирӣ кунад. «Мо ба чунин хулоса расидем, ки номзадеро пешбарӣ намудан лозим аст, ки аз ҳама камтар нуқсонҳо дорад ва нисбат ба дигарон ӯ нуқсони камтар дорад», – зикр кардааст Кабирӣ.

Рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки номзадии ӯро низ ИНИТ баррасӣ кард, дар ин робита изҳор кардааст, ки Бобоназароваро муддати 25 сол боз мешиносад.

«Ман бо ӯ чунин шиносам, ки бо мавқеи ӯ ошно буда, мусоҳибаҳои ӯ дар матбуот ва дигар маводи марбут ба ӯро мутолиа мекунам. Ӯ аз хислате бархӯрдор аст, ки барои ман муҳим аст, ӯ аз ҳуқуқҳои одамон, ҳам ҳуқуқҳои сиёсиву ҳам диниашон ҳимоят мекунад. Муддати ду моҳи ахир ман бо ӯ хубтар шинос шудам ва шубҳа надорам, ки маҳз дар чунин вазъи кишвар номзадии ӯ арзанда аст», – гуфт ӯ ва даъват кард, ки аз номзадии Бобоназарова ҷонибдорӣ карда шавад.

Ба қавли ӯ, дигар номзадҳо, аз ҷумла худи ӯ муддати чанд соли ахир тариқи ВАО-и давлатӣ назди аҳолӣ бадном карда мешаванд. «Муддати чанд моҳ барои дарёфти «гуноҳҳо»-и Ойниҳол  фурсат пайдо кардан наметавон, зеро ӯ дар созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият дошт. Дар ин ҳолат мо барои сафедкунии ӯ вақт сарф накарда, тамоми нерӯҳоямонро баҳи шарҳу тавзеҳи ҳадаф ва барномаҳои ИНИТ равона месозем», – гуфтааст Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.