Вакилони парлумон бо интихобкунандагон вомехӯранд

Шурӯъ аз пагоҳ вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон оғоз мегардад. Ин вохӯриҳо тибқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир гардида, то 22-юми сентябр идома меёбанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯриҳо вакилон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар манотиқи кишвар ва мушкилоти […]

Аваз Юлдошев


Шурӯъ аз пагоҳ вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон оғоз мегардад. Ин вохӯриҳо тибқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир гардида, то 22-юми сентябр идома меёбанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯриҳо вакилон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар манотиқи кишвар ва мушкилоти аҳолӣ аз наздик ошно мегарданд.

«Ҳамчунин вакилон ба интихобкунандагон роҷеъ ба фаъолияти худ дар парлумон ва ҷараёни корҳо ҷиҳати амалисозии барномаҳои пешазинтихоботӣ маълумот медиҳанд», – иброз дошт М.Султонов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.